Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо президенти Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд

Истанбул, 18.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 18-уми феврали соли 2016 дар шаҳри Истанбул дар доираи Форуми сармоягузории Осиёи Марказӣ бо ташаббуси Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд (БАТР) ва «Файнаншал Таймс» вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо Президенти БАНР Суна Чакрабортӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои сармоягузорӣ, имконият ва фазои сармоягузории Тоҷикистон, ҳамкорӣ ва маблағгузории Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд дар лоиҳаҳои калидии иқтисодиёти Тоҷикистон, лоиҳаи CASA-1000 ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар мулоқот Сафири Фақулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарифов ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул И. Б. Абдураҳмонов иштирок доштанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28607

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>