Душанбе, 18.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — «Аз 28 қурбонии ҳамлаи террористии Анқара 27-тоаш низомӣ буда, як каси дигар ходими давлатӣ мебошад», — гуфт сарвазири Туркия Аҳмад Довутоғлу.
Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи чоршанбе дар маркази пойтахти Туркия — шаҳри Анқара дар наздикии бинои парлумон, Ситоди генералӣ ва хобгоҳи низомиён таркиш рух дод. Бино ба маълумоти Ситоди генералии Туркия, ҳангоми дар чароғаки сурх манъ кардани корвони низомиён таркиш рух дод, ки дар натиҷа 28 нафар фавтида, 61 каси дигар захмӣ шуданд.
↧
Сарвазири Туркия: аз 28 қурбонӣ 27-тоаш низомӣ буд
↧