Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Дар Туркия таркиши навбатӣ рух дод

Душанбе, 18.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи панҷшанбе дар қисмати ҷанубу шарқи Туркия дар наздикии корвони низомиён таркиши навбатӣ рух дод. Дар ин бора «The Guardian» хабар медиҳад.
Аввал хабар дода шуд, ки якчанд нафар захмӣ шудаанд, вале баъдан дар бораи ҳафт қурбонӣ маълумот пайдо гардид. Ҷузъиёти бештари ҳодиса оварда нашудааст.
Таркиши навбатӣ як рӯз баъд аз таркиши мошин дар наздикии бинои Ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳ ва парлумони Туркия дар Анқара ба амал омад. Дар натиҷаи таркиши қаблӣ 28 нафар фавтида, зиёда аз 60 кас маҷрӯҳ шуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>