Душанбе, 04.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри афсарони пойтахт ҷаласаи ҷамъбастии ҷумҳуриявӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ — Артиши кишвар дар ҳузури Раиси Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ, муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим баргузор гардид.
Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ нисбат ба соли гузашта 13 рўз барвақттар аз муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонида шуд. Ҷавонони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо ифтихори баланду масъулияти ватандорӣ ва ҳисси меҳанпарастӣ муносибат намуданд.
Ба комиссияҳои даъвати тирамоҳии ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим ва Рӯшони вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Спитамен, Зафаробод ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, ноҳияҳои Носири Хисрав, Шамсиддин Шоҳин ва Балҷувони вилояти Хатлон, ки нақшаи даъвати тирамоҳиро дар даҳрўзаи аввал таъмин намуданд, арзи сипос карда шуд.
Комиссияҳои даъватии ноҳияҳои Мурғоб, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Айни, Деваштич ва шаҳри Гулистони вилояти Суғд, шаҳрҳои Сарбанд ва Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, шаҳри Роғун ва ноҳияи Сангвори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар даҳрўзаи дуюм иҷро кардани нақшаи даъвати тирамоҳӣ бо Раҳматнома қадрдонӣ шуданд.
Фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Бўстон, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Ҷ. Расулов, Ашт ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ноҳияҳои Данғара, Ҷайҳун, Панҷ, Дўстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритуз, Фархор, Вахш, Восеъ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон чандон муваффақ набуданд.
Мутаассифона, дар ноҳияҳои Шаҳринав, Лахш, Рашт, Файзобод, Тоҷикобод, Нуробод, Варзоб, Рўдакӣ, Турсунзода, Ваҳдат ва Ҳисор бинобар сабаби дар асоси талаботи Қонун ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ба роҳ намондани корҳо иҷроиши нақшаи даъват ғайриқаноатбахш аст.
Мутобиқи маълумоти аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пешниҳодгардида, комиссияҳои даъватии шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳритузу Ховалинг, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои ташкил ва гузаронидани даъвати тирамоҳӣ маблағгузорӣ карда нашудаанд, ки ин ҳам барои дер иҷро гардидани нақшаи даъвати тирамоҳӣ сабаб гардидааст.
Тибқи таҳлили ҷойдошта, гарчанде нақшаи даъвати тирамоҳии соли 2016 ба хизмати ҳарбӣ пеш аз мӯҳлат иҷро гардида бошад ҳам, мушкилиҳои дар ин соҳа ҷойдошта ҳалли худро тақозо менамоянд.
Мутаасифона, дар баробари дастовардҳо фаъолияти табибони ба комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо ҷалбшаванда ғайриқаноатбахшу номутобиқ ба талаботҳои “Низомномаи ташхиси тибии ҳарбӣ” баҳогузорӣ гардид.
Тазаккур бояд дод, ки омодагӣ барои адои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан ифодакунандаи муносибати самимона ба Модар-Ватан аст. Аз ин рў, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро (ба ғайр аз ш. Роғун ва Сангвор) зарур аст, ки ҷиҳати пурзўр кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ чораҳои мушахасу мақсаднокро роҳандозӣ намоянд.
Дар интиҳо муовини Сарвазир ба сохторҳои қудратӣ дастур дод, ки ба масъалаи таъмини либосу хўроки наваскарон ва ташкили шароити мусоид барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҷузъу томҳои қисмҳои низомию ҳарбӣ диққати ҷиддӣ диҳанд, чунки ин омилҳо дар баланд бардоштани завқи ҷавонон барои адои хизмат ва ҷалби бештари онҳо ба сафи қувваҳои мусаллаҳ аҳамияти муҳим дорад.