Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28588

Дар Рум Лавров ва Керри равобити Русия ва ИМА-ро баррасӣ карданд

$
0
0

Душанбе, 03.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри дар Рум масоили муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора сомонаи ВКХ Русия хабар медиҳад.
«Дурнамои ҳалли низоъ дар Сурия баррасӣ гардид. Сергей Лавров бори дигар ба он ишора кард, ки шарти асосӣ муборизаи ҳалкунанда бар зидди гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Ӯ ҷонибдориашро ба ҳалли сиёсии дар қатъномаи 2254 ША СММ бақайдгирифташуда аз тариқи раванди гуфтушуниди фарогир тасдиқ кард», — гуфта мешавад дар иттилоия.
Зимни мулоқот ҳамчунин вазъи Ироқ, Либия ва Яман муҳокима карда шуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28588

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>