Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28588

Дар Покистон яке аз роҳбарони ДИ маҳв карда шуд

$
0
0

Душанбе, 19.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Покистон дар километри 50-уми шаҳри Исломобод яке аз роҳбарони гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»-ро (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) маҳв карданд. Дар ин бора агентии «Синхуа» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, кормандони шуъбаи зиддитеррористии полис дар яке аз хонаҳои шаҳри Меррӣ ҷангиёнро пайдо кардаанд. «Дар натиҷаи тирпарронӣ 2 корманди шуъбаи полис захмӣ шуда, ба 2 ҷангӣ муяссар гардид фирор намоянд», — гуфта мешавад дар иттилоияи агентӣ.
Дар дохили хона ҷузъҳо барои омода кардани дастгоҳҳои таркандаи худсохт ва камарбанди худкуш дарёфт гардиданд. Бино ба гуфтаи полис, ҷангиён барои ҳамла ба бинои ВАО дар Исломобод ва Равалпиндӣ омодагӣ медидаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28588

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>