Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28584

Рашт: барои давраи зимистон 3000 ҳазор тонна гандум захира гардид

$
0
0

Рашт, 19.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 3000 ҳазор тонна гандум захира намуд Дар фасли тирамоҳу зимистон ба сокинони минтақа бо нархи аз бозор арзонтар орди навъи якуму дуюм пешниҳод мешавад.
Корхонаи мазкур соли 2014 аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба танзим даровардани нархи орд дар бозорҳои минтақаи Рашт таъсис ёфта, дар соли 2016 зиёда аз 7500 тонна гандум коркард намудааст.
Корхонаи истеҳсоли орди ноҳияи Рашт дар ҷамоати деҳоти Сағирдашт, маркази ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш нуқтаҳои фурӯш дошта, дар ҳар яке зиёда аз 100 тоннагӣ орди хушсифат захира намудааст. Ин корхона инчунин маводи хӯрокӣ, аз қабили шакар, равған ва биринҷро низ ворид намуда, ба мардум пешниҳод менамояд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28584

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>