Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28695

Содир намудани ҷинояти қаллобӣ

Душанбе, 16.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур зани 35-солаи ноҳияи Айнӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2015 дар ҳудуди фурудгоҳи шаҳри Душанбе марди 32-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовараш даромада, аз ӯ 8300 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Ҳамчунин ба ҳамин ШВКД зани 37-солаи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи августи соли 2015 дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе сокини 24-солаи пойтахт бо роҳи фиреб ба бовараш даромада, аз ӯ 10 000 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш давом дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28695

Trending Articles