Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28588

Рабудани воситаи нақлиёт

Душанбе, 16.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 59-солаи ҳамин ноҳия бо ариза муроҷиат намудааст, ки  15-уми феврал   шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди идораи матлуботи ноҳияи Рӯдакӣ мошини шахсиаш -тамғаи ВАЗ 2106-ро, ки бе назорат меистод, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи ҳамин ноҳия бо гумони рабудани воситаи нақлиёт дастгир шуд.

Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш дар ин самт давом дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28588

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>