Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли мева дар ҳоли афзоиш аст

$
0
0

Душанбе, 22.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имсол нисбат ба соли гузашта ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда, бахусус ангур беҳтар шуда, кишоварзони ҷумҳурӣ то ин муддат 152 ҳазору 980 тонна мева ҷамъоварӣ намудаанд. Ҳосили мева нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80 393 тонна зиёд аст. То имрӯз ҷамъоварии мева дар вилояти Хатлон 51 977 тонна, вилояти Суғд 86 200 тонна, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11 931 тонна ва ВМКБ 2872 тоннаро ташкил намудааст.
Дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ангур бо маром идома дошта, айни замон кишоварзон 71 172 тонна ангур ҷамъоварӣ намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 941 тонна зиёд мебошад.
Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>