Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Дар вилояти Хатлон 32 варзишгоҳ ва 3 маҷмааи варзишӣ фаъолият доранд

$
0
0

Қӯрғонтеппа, 22.10.2016  /АМИТ «Ховар»/.  Дар  вилояти Хатлон  айни ҳол  32 варзишгоҳ, 2895 майдончаи оддии  варзишӣ, 10 толори  варзишӣ  бо  ҷои  нишаст, 476 толори  варзишии бе ҷои нишаст, 24 ҳавзи  шиноварӣ, 3 ҳавзи  шиноварии  пӯшида, 3 маҷмааи  варзишӣ, 1 маркази  варзишӣ  ва  солимгардонӣ мавриди амал қарор доранд.
Тавре  ба хабарнигори  АМИТ  «Ховар»  аз Раёсати  кор бо  ҷавонон, варзиш ва  сайёҳии  вилояти Хатлон  иттилоъ  доданд, маблағгузории соҳаи тарбияи  ҷисмонӣ  ва  варзиш сол то сол беҳтар гардида, дар соли 2016 аз ҳисоби  буҷети  маҳаллӣ  ва  ҷумҳуриявӣ 12 миллиону 496 ҳазору 217 ва аз ҳисоби манбаъҳои  дигар 816 ҳазору 990 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки дар маҷмўъ нисбат ба соли 2015 як  миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тарбияи кадрҳо ва таъмини муассисаҳои варзишӣ бо мутахассисон низ дар вилоят сол то сол ҳалли худро ёфта, то имрўз дар вилоят 554 нафар мураббиён дар мактабҳои варзишӣ ба 12880 нафар машқ медиҳанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>