Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28888

Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода бо Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ

$
0
0

Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Дирӯз вохӯрии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ баргузор гардида, дар мулоқот масъалаҳои иштироки намояндагони аҳли фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии “Фаҷр”, Намоиши байналмилалии “Китоби Теҳрон”, Намоиши байналмилалии “Наврӯз”, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 2016 ва дигар чорабиниҳое, ки ҳамасола дар қаламрави ҳар ду кишвар баргузор мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи афкор намуда, барои амалисозии онҳо ба мувофиқа омаданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28888

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>