Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Додгоҳи Покистон собиқ президент Парвиз Мушаррафро бегуноҳ эълон кард

$
0
0

Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз додгоҳи Покистон нисбати собиқ президенти ин кишвар Парвиз Мушарраф аз рӯи парвандаи куштори роҳбари миллатгароёни Балуҷистон Акбар Бугти (соли 2006) ҳукми сафедкунанда баровард. Дар ин бора агентии «Франс пресс» бо такя ба вакили Парвиз Мушарраф хабар медиҳад.
«Додгоҳ тамоми иттиҳомоти алайҳи Парвиз Мушарраф ва ҳамаи он касонеро, ки дар ин парванда номашон буд, рад кард», — иброз дошт собиқ ВКД Покистон Офтоб Шерпао, ки номи ӯ низ дар ин парванда ёдовар шуда буд.
Бояд гуфт, ки номи Парвиз Мушарраф соли 2013 ба «рӯйхати сиёҳ» -и вазорати корҳои дохилии Покистон дохил карда шуд ва дар робита ба ин тарафи муҳофизаткунандаи собиқ президент барои истисно намудани номи ӯ аз рӯйхат ба додгоҳ муроҷиат карда буд.
Ба ғайр аз ин парванда, Парвиз Мушаррафро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат низ айбдор мекунанд. Тибқи фарзияи тафтишот, П. Мушарраф, ки аз соли 2001 то соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон буд, соли 2007 хиёнат кардааст. Дар ин сол ӯ ҳолати фавқуллода ҷорӣ карда, амр додааст, ки аъзои Суди Олиро ҳабс намоянд.
Мувофиқи қонунҳои Покистон, хиёнат ба ватан бо ҳукми қатл ё ҳабси якумра ҷазо дода мешавад. Парвандаи хиёнат аз ҷониби ҳукумати ин кишвар соли 2013 пешниҳод гардида буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>