Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28695

Ҳашт ҳизби сиёсӣ дар интихоботи президентии Молдова иштирок менамоянд

Душанбе, 18.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Юсуфбек Шодмонбеков, аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараёни баргузории интихоботи президенти Молдоваро мушоҳида менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Абдуманнон Додозода, роҳбари дастгоҳи КМИР иттилоъ дод.
Мавриди зикр аст, ки интихоботи президентӣ дар Молдова 30 октябри соли равон доир гардида, дар он Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Молдова ба таври расмӣ ҳашт нафар номзадро аз аҳзоби сиёсӣ барои ноил гардидан ба мансаби президентӣ ба қайд гирифтааст. Инҳо Мариан Лумпу, раиси ҳизби демократӣ, Михай Гимпу, роҳбари либералҳои Молдова, Юрие Лянкэ , роҳбари Ҳизби аврупоии мардумӣ, Андрей Нэстасе, роҳбари ҳизби платформаи «Шараф ва адолат», Инна Попенко, ки аз ҷониби ҳаракати сиёсию иҷтимоии «Баробарҳуқуқӣ» пешниҳод гардидааст, Дмитрий Чубашенко аз «Ҳизби мо», Майя Санду аз ҳизби «Фаъолият ва якдилӣ» ва Игор Додон, раиси Ҳизби сотсиалистии Молдова мебошанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28695

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>