Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28746

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Жан Марк Эйро таъйин шуд

Душанбе, 12.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар ин бора Қасри Элисей хабар дод.
Бино ба иттилои расмии ин кишвар, собиқ сарвазири Фаронса Жан Марк Эйро дар ин мақом Лоран Фабиусро, ки президенти Фаронса Франсуа Олланд номзадии ӯро ба вазифаи раиси Шӯрои конститутсионӣ пешниҳод намуда буд, иваз кардааст.
Ёдовар мешавем, ки ӯ аз 15-уми майи соли 2012 то 31-уми марти соли 2014 сарвазири ин кишвар буд. Пас аз он дар Маҷлиси миллии Фаронса намояндаи Раёсати Луараи атлантикӣ буд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28746

Trending Articles