Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»). Дирӯз дар майдони дуввуми марказии пойтахт мусобиқаи дастаҳои минтақаи марказ барои Ҷоми ФФТ шурӯъ шуд. Дар бозии аввал дастаи “Регар ТадАЗ” бар “Помир”-и Душанбе, ки асоси дастаи мунтахаби наврасони мамлакатро ташкил медиҳад, бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба кард. Дар бозии дуввуми рӯз “Хайр”-Ваҳдат “Барқи тоҷик”-ро маҷбур намуд, ки бо ҳисоби 2 бар 0 таслим шавад. Имрӯз дастаи “Кӯктош” намояндаи дигари лигаи якуми кишвар- “Локомотив”-и Душанберо бо нишондоди 6 бар 0 шикаст дод. Бозии навбатӣ бо иштироки дастаҳои “Истиқлол” ва КМВА “Помир” ҳоло идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки аз минтақаи марказ 4 даста ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Тақвими бозиҳои боқимонда чунин аст:
12 феврал
10:30 — «Помир» — «Барқи тоҷик»
15:00 — «Хайр» — «Кӯктош»
13 феврал
10:30 — «Регар-ТадАЗ» — «Истиқлол»
15:00 — «Локомотив» — КМВА «Помир»
Даври 3
14 феврал
10:30 — «Кӯктош» — «Помир»
15:00 — «Барқи тоҷик» — «Регар-ТадАЗ»
15 феврал
10:30 — КМВА «Помир»- «Хайр»
15:00 — «Истиқлол» — «Локомотив»
Даври 4
16 феврал
10:30 — «Регар-ТадАЗ» — «Локомотив»
15:00 — «Хайр» — «Истиқлол»
17 феврал
10:30 — «Помир» — КМВА «Помир»
15:00 — «Барқи тоҷик» — «Кӯктош»
Даври 5
18 феврал
10:30 — «Кӯктош» — «Регар-ТадАЗ»
15:00 — КМВА «Помир»- «Барқи тоҷик»
19 феврал
10:30 — «Истиқлол» — «Помир»
15:00 — «Локомотив» — «Хайр»
Даври 6
20 феврал
10:30 — «Регар-ТадАЗ» — «Хайр»
15:00 — «Помир» — «Локомотив»
21 феврал
10:30 — «Барқи тоҷик» — «Истиқлол»
15:00 — «Кӯктош» — КМВА «Помир»
Даври 7
24 феврал
10:30 — «Локомотив» — «Барқи тоҷик»
15:00 — «Хайр» — «Помир»
25 феврал
10:30 — КМВА «Помир»- «Регар-ТадАЗ»
15:00 — «Истиқлол» — «Кӯктош»