Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28588

Бар асари садамаи қатора дар истгоҳи роҳи оҳани иёлати Ню-Ҷерсии ИМА 3 нафар ба ҳалокат расиданд

$
0
0

Душанбе, 30.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бар асари садамаи қатораи мусофирбар, субҳи имрӯз дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Хобокени иёлати Ню-Ҷерсии ИМА 3 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 100 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора наҷотдиҳандагон ва ВАО маҳаллӣ иттилоъ медиҳанд. Бисёре аз мусофирон ҳанӯз дар зери харобаҳо мебошанд.
Бино ба иттилои радиои «WFAN», «қатора монеаҳоро зада, ба минтақаи мусофирони воридшавандаи истгоҳи роҳи оҳан даромад».
Аз аксҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдошуда маълум аст, ки боми истгоҳ афтодааст.
Сабабҳои садама ҳанӯз номаълуманд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28588

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>