Душанбе, 30.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Ду роҳбари минтақавии гурӯҳи «Ал-Қоида» дар Яман дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии эҳтимолии бесарнишинони ИМА нобуд карда шуданд. Дар ин бора агентии «Reuters» бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ иттилоъ медиҳад.
Таи ҳафтаи гузашта ин сеюмин зарба аст, ки ба иншооти минтақаи ар-Ридааи музофоти Бейда расонида шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ қаблан фармондеҳии ИМА дар Ховари Наздик (CENTCOM) хабар дод, ки неруҳои ҳавоии амрикоӣ чаҳор ҷангии «Ал-Қоида»-ро ба ҳалокат расониданд. Дар фармондеҳӣ зикр карданд, ки онҳо минбаъд низ ба «ҳимояи ИМА, дӯстон ва шарикон аз таҳдидҳои «Ал-Қоида» идома медиҳанд, то ба он имкон надиҳанд, ки Яманро ҳамчун паноҳгоҳ истифода баранд».
↧
Бесарнишинони ИМА ду ҷангии «Ал-Қоида»-ро нобуд карданд
↧