Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28712

CNN дар бораи силоҳи кимиёӣ истифода бурдани ДИ бар зидди низомиёни ИМА дар Ироқ огоҳӣ ёфт

Душанбе, 22.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Ҷангиёни гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» метавонанд ба пойгоҳи ҳавоии «Каяр» дар наздикии Мосули Ироқ, ки он ҷо низомиёни ИМА ва Ироқ ҳузур доранд, ҳамлаи кимиёвӣ анҷом диҳанд. Дар ин бора рӯзи чоршанбе CNN бо истинод ба мансабдорони ИМА иттилоъ додааст.

Ба шабакаи телевизионӣ маълум гардид, ки 20 сентябр дар наздикии пойгоҳи ҳавоӣ снаряди артиллерӣ ва ё мушак сарозер шуд, ки тахминан бо иприт (гази хардал) пур шуда буд. Низомиёни ИМА зарар надиданд ва нишонаҳои заҳролудшавӣ аз маводи кимиёвӣ ёфт нашуданд.

Низомиён ҷои суқутро тафтиш карданд. Озмоишҳои ибтидоӣ ҳузури гази хардалро тасдиқ карданд ва барои омӯзиши муфассал онро ба озмоишгоҳ фиристоданд.

Бино ба иттилои мусоҳибони CNN, гази хардал сифати паст дошта, он барои истифода ба сифати маводи кимиёвии заҳролудкунанда мувофиқ набуд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28712

Trending Articles