Душанбе, 09.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар ин бора агентии «Синхуа» бо ишора ба шаҳрдори Тайван Уилям Лай (Лай Тсиндэ) хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, теъдоди қурбониёни заминларзаи шадиди шаҳри Тайнани ҷазираи Тайван ба 40 нафар расида, 107 каси дигар бедарак гаштаанд.
Амалиёти наҷотдиҳӣ идома дорад.
Рӯзи душанбе, 8-уми феврал ба наҷотдиҳандагони тайванӣ муяссар шуд, ки аз зери харобаҳои бинои 17-ошёна 4 нафар — марди 40-сола, зани солхӯрда, духтараки 8-сола ва холаи ӯро наҷот диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 6-уми феврал дар Тайван заминларзаи шиддатнокиаш 6.4 балл рух дод, ки бар асари он як зумра иншоот хароб гардид.
↧
Теъдоди қурбониёни заминларзаи Тайван ба 40 нафар расид
↧