Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Вохӯрии Сироҷидин Аслов бо Амҷад Ҳусайн Сиал

$
0
0

Душанбе, 9.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 9 феврали соли 2016 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Амҷад Ҳусайн Сиалро, ки барои иштирок дар машваратҳои навбатӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Перомуни бархе аз масоили мубрами рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар заминаи иҷрои вазифаҳое, ки роҳбарони олии ду кишвар зимни мулоқот дар Исломобод моҳи ноябри 2015 гузошта буданд, табодули назар сурат гирифт.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28705

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>