Душанбе, 06.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Шумораи қурбониёни заминларза дар Тайван ба 6 нафар расида, беш аз 378 тани дигар дар беморхона бистарӣ мебошанд. Дар ин бора хабаргузории «РИА Новости» бо такя ба маълумоти ВАО-и маҳаллии ин кишвар иттилоъ медиҳад. Ёдовар мешавем, ки 6-уми феврал соати 03:57-дақиқа бо вақти Тайван, дар қисми ҷанубии ин кишвар заминларзаи сахт ба амал омад, ки қувваи он аз рӯи ҷадвали Рихтер 6,4-дараҷаро ташкил медод. Тибқи иттилои мутахассисон ҷунбиши қишри замин дар 10-километрии қишри замин, 25 км дуртар аз ҷануби шаҳри Юйтсзин ба қайд гирифта шудааст.