Душанбе, 6.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Эрон азм дорад дар савдои нафт аз доллари ИМА даст кашад. Додугирифт бо баъзе ширкатҳо бо евро сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора агентии иттилоотии «Reuters» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои мусоҳиби ин агентӣ дар Ширкати миллии нафти Эрон, шартномаҳои ҳисоббаробаркунӣ бо еврои апрупоӣ аллакай бо корпоратсияҳои фаронсавии «Total» ва «Litasco», инчунин бо ширкати испаниягии «Cepsa» баста шудаанд.
Манбаъ афзудааст, ки Теҳрон мехоҳад вобастагӣ аз долларро коҳиш диҳад. Ёдовар мешавем, ки 20 январ Эрон нархи нафтро барои Аврупо коҳиш дод, то ки бо Арабистони Саудӣ рақобат кунад. Тахфиф барои нафти навъи «Iran Heavy» 6,55 долларро ташкил дод.
↧
Эрон дар савдои нафт аз доллар даст мекашад
↧