Душанбе, 18.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 17 августи соли 2016 Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо ноиби раис, директори иҷроияи Фонди Саудии рушд Юсуф ибни Иброҳим ал-Бассом мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории босамари Тоҷикистон бо Фонди Саудии рушд баррасӣ шуд.
Дар робита ба ин росто таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкорӣ дар беҳсозии зербинои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва энергетика зоҳир гардид.
Ду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши доираи ҳамкорӣ таъкид доштанд.
↧
ВКХ: Баррасии масоили вобаста ба ҳамкории босамари Тоҷикистон бо Фонди Саудии рушд
↧