Душанбе, 18.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бар асари таркиш дар шуъбаи пулиси музофоти Вани Туркия се ғайринизомӣ ба ҳалокат расиданд ва шумораи ҷароҳатбардоштагон ба 40 нафар расид. Ҳамчунин ду корманди пулис низ зарар диданд. Дар ин бора РИА «Новости» бо истинод ба ахбори маҳаллӣ хабар медиҳад.
Хотиррасон мекунем, ки мошин бо маводи тарканда дар шуъбаи пулиси музофоти Вани Туркия, дар шарқи кишвар, дар наздикии марз бо Эрон таркидааст.
↧
Бар асари таркиш дар шарқи Туркия се нафар ба ҳалокат расида, 40 нафар ҷароҳат бардоштанд
↧