Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28584

Дар Италия сатҳи дуюми таҳдиди террористӣ нигоҳ дошта шудааст

$
0
0

 Душанбе, 08.08.2016 / АМИТ «Ховар» /. Сарфи назар аз амалиёти ҳарбӣ- ҳавоӣ, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби ИМА дар Либия сурат гирифт, дар Италия айни замон сатҳи дуюми таҳдиди террористӣ муқаррар карда шудааст. Дар ин бора роҳбари ВКД Италия Анджелино Алфано иттилоъ додаст.
Бино ба гузориши  РИА «Новости», Алфано дар робита ба ин масъала изҳор доштааст, ки роҳбарияти Гвардияи молиявии Италия тибқи дастури Кумитаи миллии зиддитеррористии таҳлили стратегӣ тасмим гирифтааст, ки сохтори махсусро таъсис диҳад. Ин сохтор бояд ҳаракати тамоми маблағҳои созмонҳои исломиеро, ки дар кишвар фаъолият менамоянд, таҳти назорати худ қарор диҳад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи душанбеи гузашта, дар шаҳри Сирт ҳавопаймоҳои ИМА бо дархости ҳукумати созиши миллии Либия, ба ҳадафҳои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» зарба заданд. Дере нагузашта, вазири дифои Италия Роберта Пинотти изҳор дошт, ки Рим омода аст бо мақсади «кумак ба ИМА барои зудтар ва муассир анҷом додани амалиёти зидди ДИ» пойгоҳҳои низомӣ ва ҳарими ҳавоии миллиро дар ихтиёри онҳо гузорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28584

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>