Душанбе, 08.08.2016 / АМИТ «Ховар» /. Гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» масъулияти ҳамла ба полисро дар Белгия, ки бо корд анҷом ёфт, ба уҳда гирифт. Дар ин бора «Reuters» бо истинод ба хабаргузории «Amaq» иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои прокуратураи Белгия ҳамларо як марди алҷазоирии 33-сола, ки аз соли 2012 дар Белгия иқомат мекард, анҷом додааст.
Ҳамла шоми шанбе, дар як қаламрави таҳти муҳофизати полиси шаҳрии Шарлеруа сурат гирифт. Бар асари он ҷинояткор ду полисро маҷрӯҳ намуд ва худаш низ кушта шуд.
Сарвазири Белгия Чарлз Мишел ин ҳамларо ҳамчун амали террористӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки дар шӯъбаҳои полиси кишвар чораҳои амниятӣ пурзӯр карда шудаанд.
↧
ДИ масъулияти ҳамла ба полисро дар Белгия ба уҳда гирифт
↧