Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28712

ВМКБ: Рӯшон ғолиби даври аввали «Андалеб-2016» гардид

$
0
0

Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъбаст гардид.
Ноҳияи Рӯшон бо барномаҳои рангину шавқовари худ ғолиби озмуни вилоятӣ гардида, ба даври дуввуми «Андалеб-2016», ки баргузории он  дар пойтахти кишвар дар назар дошта шудааст, роҳхат гирифт.
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб» чанд сол инҷониб дар доираи «Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020» баргузор мегардад. Соли ҷорӣ таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои асосии фестивал-озмун аст. Фестивал-озмун бо мақсади нишон додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати фарҳанги кишвар дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28712

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>