Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Дар шаҳри Норак Мусобиқаи футбол миёни дастаҳои духтарона баргузор гардид

Душанбе, 21.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 15 то 19 июли соли равон дар шаҳри Норак Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастаҳои духтарона баргузор гардид. Мусобиқа, ки ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, бо ширкати беҳтарин дастаҳои футболбоздухтарон аз манотиқи мухталифи кишвар сурат гирифт.
Дар мусобиқа  дастаҳои «Хатлон-1», «Хатлон-2», «Душанбе», «Ноҳияҳои тобеи марказ» ва дастаи «Барқ»-и шаҳри Норак иштирок намуданд. Дар натиҷа, футболбоздухтарони дастаи «Душанбе» бо 8 хол сазовори ҷои аввал гашта, дастаи «Хатлон-1» бо 8 имтиёз  мақоми дуюмро ишғол намуд. Футболбозони дастаи «Хатлон-2» бо 6 имтиёз ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Дар охир ғолибон бо медалу диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ФФТ қадрдонӣ шуданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Trending Articles