Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар» /. Кишварҳои ИА ҷорӣ намудани таҳримҳо бар зидди Португалия ва Испания барои зиёда суистифода аз меъёрҳои касри буҷет якдилона дастгирӣ менамоянд, изҳор дошт, сардори Гурӯҳи Аврупо Йерун Дейсселблум. Дар ин бора РИА «Новости» итилоъ медиҳад.
Тасмими ниҳоӣ оид ба ин масъала, рӯзи сешанбе, 12 июл дар ҷаласаи Шӯрои вазирони иқтисод ва молияи Иттиҳоди Аврупо гирифта мешавад.
Дар Иттиҳодияи Аврупо Паймони субот ва афзоиш вуҷуд дорад, ки касри буҷети давлатро дар сатҳи 3% ММД маҳдуд менамояд. Агар аз ин ҳудуд зиёд шавад, имкон дорад ба ин кишвар таҳримҳои дахлдор муқаррар карда шаванд.
↧
Кишварҳои ИА ҷорӣ намудани таҳримҳо бар зидди Португалия ва Испанияро дастгирӣ менамоянд
↧