Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар» /. Дар Ҷопон таи як ҳафта бо фарорасии ҳавои гарм бар асари офтобзанӣ ҳашт нафар нобуд гардида, беш аз 4,7 ҳазор нафар дар беморхонаҳо бистарӣ шуданд, иттилоъ медиҳад РИА «Новости» бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии кишвар.
Бино ба иттилои агентии Киодо аз 4 то 10-уми июл ба воситаи ёрии таъҷилӣ 4659 нафар бо гумони офтобзанӣ ба бемористонҳо интиқол дода шуданд, ки 1,6 маротиба нисбат ба ҳафтаи гузашта бештар аст.
Бино ба иттилои телевизиони NHK, гармтарин ҳаво рӯзи сешанбе дар префектураи Ибараки буд, ки дар он ҷо ҳарорат ба 38,3 дараҷа расид.
↧
8 нафар бар асари гармӣ дар Ҷопон ба ҳалокат расиданд
↧