Душанбе, 03.02.2016 (АМИТ «Ховар»).-2-юми феврал ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур сокини 35-солаи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2015, марди 27-солаи шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовараш даромада, аз ӯ 50 000 доллари амрикоиро гирифта, 16 500 долларашро баргардонида, боқимонда 33 500 долларро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, сокини 39-солаи ноҳияи Шоҳмансур ба ШВКД муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2011, сокини 32-солаи ноҳияи Шаҳринав бо роҳи фиреб ба бовараш даромада, аз ӯ 200 000 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур марди 37-солаи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки охирҳои соли 2013 сокини 34-солаи шаҳри Хуҷанд, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1 мошини тамғаи “Ренҷровер”-ро, ки арзишаш 63 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта, 30 000 доллари амрикоиро баргардонида, боқимонда маблағро то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин 2-юми феврал ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, марди 59-солаи шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки моҳи январи соли 2014 сокини 39-солаи пойтахт бо роҳи фиреб ба бовараш даромада, аз ӯ 500 000 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, марди 63-солаи шаҳри Норак муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2013 сокини 31-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовараш даромада, аз ӯ 10 500 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш дар ин самт идома дорад.