Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29007

Гумонбарии се нафар дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор

$
0
0

Душанбе, 03.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 2-юми феврали соли равон дар ҳудуди шаҳри Қурғонтеппа кормандони РВКД дар вилояти Хатлон зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ се нафар шаҳрванд: сокини 50-солаи шаҳри Хоруғ, сокини 38-солаи ноҳияи Шуғнон ва сокини 35-солаи ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир намуданд.
Дар вақти кофтуков аз гумонбаршудагон 4 килою 575 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29007

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>