Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28659

ИМА ду роҳбари дигари ДИ-ро дар Ироқ маҳв кард

Душанбе, 02.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Мосули Ироқ ду роҳбари низомии гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» зимни ҳамлаи ҳавоии неруҳои эътилофи байналмилалӣ маҳв гардиданд. Дар ин бора рӯзи ҷумъа намояндаи Пентагон Питер Кук хабар дод.
«Неруҳои эътилоф рӯзи 25-июн ба муқобили ду фармондеҳи низомии ДИ дар атрофии шаҳри Мосули Ироқ ҳамла ҳавоӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа онҳо кушта шуданд», — гуфта мешавад дар изҳороти Питер Кук.
Бино ба иттилои ӯ, маҳвшудагон муовини вазири ҳарбии ДИ Басим Муҳаммад Султон Аҳмад ал-Баҳорӣ (Basim Muhammad Ahmad Sultan al-Bajari) ва фармондеҳи ҳарбӣ дар Мосул Ҳотим Толиб ал-Ҳамдунӣ (Hatim Talib al-Hamduni) буданд.
П. Кук ҳамчунин афзуд, ки марги онҳо ва дигар роҳбарони ДИ боиси талафоти ҷиддии ин гурӯҳи террористӣ дар Мосул гардид. Маҳв гардидани онҳо ба неруҳои Ироқ имкон медиҳад, ки бо дастгирии эътилофи байналмилалӣ Мосулро озод намоянд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28659

Trending Articles