Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Полиси Бангладеш ҳамаи террористонро нобуд кард

Душанбе, 02.07.2016. / АМИТ «Ховар» /. Полиси Бангладеш ҳамаи террористонеро, ки дар яке аз қаҳвахонаҳои маҳаллаи дипломатии шаҳри Дакка одамонро гаравгон гирифта буданд, нобуд карданд. Дар ин бора имрӯз шабакаи телевизионии NBC хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз полис амалиёти махсуси озодкунии гаравгонҳоро оғоз намуда, зимни он 12 нафар гаравгонҳо, аз ҷумла 2 шаҳрванди хориҷиро озод кард.
Дар баробари ин, агентии «Ассошиэйтед Пресс» иттилоъ медиҳад, ки зимни амалиёти полис 13 нафар гаравгонҳо, аз ҷумла ду шаҳрванди Аргентина озод гардида, 6 силоҳбадаст нобуд карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи ҷумъа силоҳбадастон ба қаҳвахонае дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка ҳамла карда, одамонро гаравгон гирифтанд. Тибқи сарчашмаҳои гуногун, онҳо аъзои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ё «Ал-Қоида» буданд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28757

Trending Articles