Душанбе, 2.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Маъмурияти ИМА азм дорад ба конгресс пешниҳод кунад, ки дар соли 2017 хароҷот барои мубориза бо гурӯҳи «Давлати исломӣ»-ро 35% зиёд кунад. Дар ин бора «Рейтер» бо такя ба манбаъ дар Кохи сафед иттилоъ медиҳад.
Хароҷот барои мубориза бо ДИ, ки дар буҷаи мудофиа пешбинӣ шудааст, 7 миллиард доллари ИМА-ро дар бар мегирад.
Маъмурияти ИМА лоиҳаи буҷаро расман 9 феврал пешниҳод хоҳад кард. Соли молиявӣ дар ИМА 1 октябр оғоз мешавад.
↧
Кохи сафед азм дорад хароҷоти мубориза бо ДИ-ро дар соли 2017 зиёд кунад
↧