Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

ВКД: «Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти хориҷӣ 156 ҷинояткор дастгир ва ба Тоҷикистон оварда шуданд»

$
0
0

Душанбе, 02.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — «Мақомоти корҳои дохилӣ зимни ҳамкорӣ бо ҳамкасбони худ аз Ҷумҳурии Туркия 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ҳамроҳ шуда буданд, муайян ва боздошт карда, ба Тоҷикистон баргардонданд», — изҳор кард вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ. Р.Раҳимзода ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавзӯи ҳамкории мақомоти корҳои дохилии мамлакат бо сохторҳои қудратии кишварҳои хориҷӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ посух гуфта, аз ҷумла чунин илова кард: «Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар панҷ соли охир 24 созишнома ва шартномаи ҳамкорӣ бо вазоратҳои корҳои дохилии мамолики хориҷӣ, идора ва ташкилоти байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба имзо расонидааст. Ҳамкории судманд дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ИДМ, ҳамчунин дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо вазорати корҳои дохилии кишварҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон,Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар мамолик ба роҳ монда шудааст. Дар ҷаласаи мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳар сол диққати асосӣ ба ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дода мешавад, зеро ин масъала ба мушкили ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар доираи ҳамкорӣ бо мақомоти Федератсияи Русия 58 ҷинояткоре, ки барои содир намудани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанд, аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод шудаанд.
Дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба кормандони Вазорати корҳои дохилӣ техника ва таҷҳизоти муосир расонида шуданд, ки барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм аз тарафи кормандони ниҳодҳои махсуси Вазорати корҳои дохилӣ истифода мешаванд».
Вазири корҳои дохилии мамлакат Рамазон Раҳимзода таъкид кард, ки: «Барои роҳ надодан ба ҷалби шаҳрвандон, махсусан ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ мубодилаи босифату дақиқи иттилооти фаврӣ бо вазоратҳои корҳои дохилии чумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Узбекистон, Туркия ва вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии мардумии Чин дар сатҳи баланд роҳандозӣ шудааст».


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28640

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>