Душанбе, 02.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар ин бора дар сомонаи ҳукумати Сербия хабар дода шудааст.
Бино баиттилои манбаъ, дар сурати гузаронидани референдум 48% шаҳрвандони Сербия ба воридшавии кишвар ба ИА ризоият хоҳанд дод. Савол чунин пешниҳод шуда буд: «Оё шумо Сербияро ба Итиҳоди Аврупо воридшудан ҷонибдорӣ мекунед?» 28% зид баромада, 15%-и дигар иброз доштанд, ки дар референдум иштирок намекунанд. 9%-и овоздиҳандагон намедонистанд, ки ба савол чи ҷавоб диҳанд.
Гуфта мешавад, ки 1027 сокини ин кишвар дар овоздиҳӣ ширкат кардааст.
Қаблан иттилоъ дода шуд, ки Сербия ба оғози музокироти воридшавӣ ба ИА омодагӣ мебинад.