Душанбе, 02.02.2016. (АМИТ «Ховар). — Дар ин бора фармондеҳи амалиёти ИМА зидди «Давлати исломӣ» дар Ироқ ва Сурия генерал Шон Макфарланд иттилоъ дод.
«Дар давоми амалиёт мо ба мавқеи ҷангиён беш аз 10 ҳазор зарбаҳои ҳавоӣ задем. Тахминан аз се ду ҳиссаи он ба Ироқ ва як ҳиссааш ба Сурия рост меояд»,- гуфт ӯ
Генерал баргардонидани шаҳри Эр-Рамодиро таҳти назорати ҳокимияти маҳаллӣ «рамзӣ» хонда, зикр намуд, ки: «мо дар Сурия низ ба муваффақият ноил гашта истодаем».