Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

74 фоизи хатмкунандагони мактабҳои Хатлон ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ супориданд

Қурғонтеппа, 14.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. 70,6  %  хатмкунандагони мактабҳои  шаҳру  ноҳияҳои  минтақаи  Кӯлоб соли хониши  равон ба  ба Маркази миллии тестӣ барои дохилшавӣ ба донишкадаҳои олӣ  ҳуҷҷат супориданд.
Дар ин бора аз  шуъбаи  иттилоотӣ-таҳлилии  дастгоҳи раиси  вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Ба иттилои  маълумоти  Раёсати маорифи  вилояти Хатлон  имсол  47  ҳазору 552  нафар  мактабҳои вилоятро хатм намуданд.  Аз  рӯи маълумоти  мавҷуда  35  ҳазору 170 нафар   хатмкунанда  ҳуҷҷатҳои худро  ба  Маркази миллии  тестӣ  супоридаанд, ки зиёда  аз  13  ҳазори  онро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар маҷмӯъ,  74  %  хатмкунандагони мактабҳои  вилояти  Хатлон ҳуҷҷатҳои худро  ба  Маркази миллии  тестӣ  супоридаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28736

Trending Articles