Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 29001

«Ман дар зиндагӣ ба мисли Қаҳҳор Маҳкамов инсони поквиҷдон ва хоксор надидаам»: Ш. Зуҳуров

$
0
0

Душанбе, 09.06.2016/АМИТ «Ховар»/.Ҷаласаи навбатии  иҷлосияи  дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июн бо лаҳзаи хомӯшӣ барои поси хотири ходими барҷастаи давлатӣ Қаҳҳор Маҳкамов оғоз ёфт. Қ. Маҳкамов  8 июн баъди беморӣ дар синни 84 аз олам даргузашт.
Раиси  Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров  дар ҷаласа доир ба ҳаёту фаъолият ва хизматҳои арзандаю содиқонаи  Қаҳҳор Маҳкамов сухан намуда, гуфт, ки: «Ман дар зиндагӣ ба мисли Қаҳҳор Маҳкамов инсони поквиҷдон ва хоксор надидаам».
Зикр шуд, ки Қаҳҳор Маҳкамов,  арбоби барҷастаи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 1932 дар Хуҷанд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1953 Донишкадаи кӯҳии  шаҳри Ленинградро хатм намуда,  ба Тоҷикистон баргашт.  Фаъолияташро аз устои одӣ то роҳбари муассисаи  кони ангишти «Шӯроб» оғоз карда,  дар 29- солагӣ раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Хуҷанд интихоб шуда буд. Дар 31- солагӣ соли 1963 раиси Кумитаи давлатии банақшагирии Ҷумҳурии  Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон  таъйин шуда, дар ин вазифа 19 сол кор кардааст. Соли 1982 раиси Совети вазирони Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъин шуда,  то соли 1986 дар ин вазифаи муҳими давлатӣ фаъолият дошт.
То соли 1991 котиби  якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии  Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ё худ  роҳбари аввали   Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Моҳи апрели соли 1990 раиси Шӯрои  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва 30 ноябри ҳамон сол дар иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд. Баъди нооромиҳо Қаҳҳор Маҳкамов ба истеъфо рафта,  дигар ба сиёсат барнагашт ва ба нафақа баромад.
Дар соли 2000 бо таъсиси Парлумони дупалата дар Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов то дами маргаш узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон буд. Инчунин ба ҳайси раиси Кумитаи  Шӯрои   Ассамблеяи байнипарлумонии  кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои  Мустақил фаъолият намуда, манфиатҳои  Тоҷикистонро ҳама вақт ҳимоя мекард.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 29001

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>