Quantcast
Channel: АМИТ "Ховар"
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28956

Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ду ҷавони дилдода даст ба худкушӣ заданд

$
0
0

Душанбе, 09. 06. 16. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ду ҷавони дилдода  даст ба худкушӣ заданд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад,  7 июн ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ ва духтари 16- солаи сокини ҳамин ноҳия, бо сабабе, ки волидайнашон барои оила барпо намудани онҳо розӣ нашудаанд, бо мақсади худкушӣ ба болои теппаҳои деҳаи Умеди ноҳияи мазкур баромада,  худашонро ба ҷарии баландиаш 100 метр партофтаанд.
Дар натиҷа духтари ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ҷавони 20-сола бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гаштааст. Тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28956

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>