Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28773

Даъват: Нагузоред, то ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шаванд

Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи нақшаи муштараки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии Ҳизби Халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» бо мақсади фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паём дар ноҳияи Тоҷикобод вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин дар доираи Паёми навбатии Пешвои миллат андешаронӣ намуданд.
Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки фарзандонашонро дар рӯҳияи хислатҳои наҷиби инсонӣ тарбия намоянд, то онҳо ояндасози фардои дурахшони миллату давлати хеш гарданд ва нагузоранд фарзандонашон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил шаванд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28773

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>