Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597

Г. Ҳасанзода: Агентӣ истифодаи усули муосири коркарди маълумоти омориро роҳандозӣ кардааст

Душанбе, 29.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- «Дар агентӣ барои истифодаи усули муосири коркарди маълумоти оморӣ, пешниҳоди ҳисоботи электронии оморӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи андоз аз рўи 7 шакли ҳисоботи оморӣ корҳо ҷараён доранд ва пешниҳоди ҳисоботи электронӣ аз 1 июли соли 2015 ҷорӣ карда шуд»,- иброз намуд директори Агентии омори назди Президенти ҶТ Гулнора Ҳасанзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин ба иттилои номбурда ҳоло марҳилаи дуюми азнавкунии регистри корхонаҳои буҷетӣ дар шаҳри Душанбе ба поён расидааст, ки он барои ба пуррагӣ воридкунии маълумоти ҳамаи субъектҳо шароит фароҳам меорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28597


<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>