ДУШАНБЕ, 09.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел дар доираи баргузории «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» дар муассисаи таълимии хусусии «Абдураҳмони Ҷомӣ» озмуни шаҳрии «Илм ва амал» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар озмун хонандагони ихтироъкору навовари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт иштирок намуда, зиёда аз 85 лоиҳаи инноватсионӣ ва ихтироъкориро ба намоиш гузоштанд. Лоиҳаҳои беҳтарин аз ҷониби ҳайати ҳакамон интихоб гардида, ғолибон дар маросими ҷамъбасти ҳафта бо ҷоизаҳои арзанда қадрдонӣ карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки озмуни «Илм ва амал» на танҳо майдони рақобат, балки макони илҳом ва эҷод буда, ба хонандагон имконият медиҳад, ки бо неруи зеҳнӣ ва истеъдод идеяҳои навоварона ва ихтирооти худро муаррифӣ намоянд. Ҳадафи асосии он ташаккули малакаҳои эҷодӣ ва рушди навоварӣ миёни наврасон аст.
Ҳамасола бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Ин иқдом бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, татбиқи техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон амалӣ мегардад.
АКС: Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе