Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28712

«Панҷшер» ҳамоно дар ҷои аввал аст

Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.Баъди анҷоми даври шашуми Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якум «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқот нигоҳ дошт. Дар ин давр футболбозони ин ноҳия дар майдонашон «Помир»-и Душанберо бо натиҷаи 1:0 мағлуб карда, соҳиби 15 имтиёз шуданд. Ягона голро Фирӯз Одинаев дар дақиқаи 19 ба самар расонд.
«Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ баъди пирӯзӣ бар «Локомотив» бо нишондоди 3:0 ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқот баромад.
Натиҷаи бозиҳои дигар чунин аст:
«Исфара» — «Коммуна» 2:0
«Ҳулбук» — «Канд»          5:1
«Чашма» — «Парвин»       0:0.
Бозии байни дастаҳои «Саройкамар» ва «Ваҳдат» ба рӯзи 28 май гузаронида шуд.
Фирдавс Зайнуллозода аз «Чашма» ва Некрӯз Козимов» аз «Кӯктош» бо 7 тӯбӣ пешсафи нишонзанҳо ба шумор мераванд.
Даври навбатӣ 4 ва 5 июн ҷараён мегирад, ки дар он ин дастаҳо бо ҳам вомехӯранд:
«Локомотив»  «Ҳулбук»
«Коммуна»  «Кӯктош»
5 июн
«Помир»  «Исфара»
«Парвин»  «Панҷшер»
«Ваҳдат»  «Чашма»
«Зарафшон»  «Саройкамар»


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28712

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>