Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28659

Тарғиби либосҳои миллӣ аз ҷониби Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тарғиби либоси миллӣ, тарбияи зебопарастӣ ва пешгирӣ намудани бегонапарастии занону духтарон  раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, Вазорати  корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, намояндагони  шаҳри Турсунзода, ноҳияи Рӯдакӣ, роҳбарони корхонаҳо, бозорҳо  ва марказҳои савдои шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохӯрии мазкур Идигул Қосимзода  ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба  фурӯши маводи тарғибкунанда ба фарҳанги бегона таъкид намуда, аз намояндагони вазорату идораҳо ва намояндагони бозорҳою марказҳои савдо даъват ба амал овард, ки ба либоспӯшии кормандон, алалхусус  занону духтарон назоратро пурзӯр намуда, пӯшидани либоси бегонаро пешгирӣ намоянд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28659

Trending Articles