Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28649

Дар натиҷаи ду таркиш дар Адени Яман беш аз 45 нафар кушта шудаанд

Душанбе, 23.05.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар натиҷаи ду таркиш дар ҷануби Яман беш аз 45 нафар кушта шудаанд. Бино ба маълумоти пешакӣ, таркиши аввал дар нуқтаи сафарбарӣ дар анбӯҳи тозаинтихобшудагон, таркиши  дуюм — дар даромадгоҳи пойгоҳи артиши Яман «Бадр» ба амал омад.
Тавре ки  ТАСС бо истинод ба шабакаи телевизионии » Ал-Арабия » иттилоъ медиҳад, бомбагузориҳо дар пойтахти иқтисодии Яман — шаҳри Аден ба амал омаданд. Ба гуфтаи полис, дар ҳар ду ҳолат таркишҳо аз ҷониби террористони маргталаб анҷом дода шудаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28649

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>