Душанбе, 22.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Президенти ИМА Барак Обама қонунеро имзо кард, ки аз қонунгузории федералӣ «ишораҳои таҳқиркунандаи ақилиятҳо», аз ҷумла калимаҳои «шарқӣ», «зангӣ», «испанигуфтор» ва бисёри дигарро хориҷ мекунад. Дар ин бора РИА «Новости» бо истинод ба «ABC News» хабар медиҳад.
Қонун талаб мекунад матнҳо то ҷое муосиртар карда шуда, аз тасвияҳои аз нигоҳи сиёсӣ носаҳеҳи солҳои 1970, ки дар ҳуҷҷатҳои Вазорати тандурустӣ ва хадамоти иҷтимоии ИМА вомехӯранд, даст кашида шавад.
«Ҷойи мафҳуми «шарқӣ» қонунгузории федералӣ нест, ниҳоят ин ибораи таҳқиромез ва қадимӣ дар таърих мемонад», — таъкид доштааст яке аз муаллифони лоиҳаи қонун. Ба ақидаи ӯ, ин калимаро истифода мебурданд, то ки ин тоифаи аҳолӣ ҳамеша бегона монанд ва ҳеҷ гоҳ натавонанд амрикоии комил бошанд,-омадааст дар иттилоияи «ABC News».
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврал ин қонунро палатаи намояндагони ИМА тасвиб кард ва 10 май сенат онро якдилона қабул намуд. Ин ҳуҷҷат аз лаҳзаи имзояш аз ҷониби президент қувваи ҳуқуқӣ мегирад.