Quantcast
Viewing all articles
Browse latest Browse all 28750

Ошкор намудани беш аз 500 ҳолати қонуншиканӣ аз сӯи гумрукчиён дар шимоли кишвар

Душанбе, 20.05.2016/ АМИТ «Ховар»/. 570  ҳолати  қонуншиканиҳо  нисбат ба интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ дар зарфи се моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд  ошкор гардидааст, ки он  187 ҳолат дар баррасии мақомоти судӣ қарор дорад.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки аз миқдори умумии қонуншиканиҳо 177 ҳолати он бевосита ба ҳуқуқвайронкунии молҳои зераксизӣ  алоқаманд мебошад. Инчунин аз ин теъдод дар  37 ҳолати нтиқоли нӯшокиҳои спиртӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз тарафи мақомоти судӣ ба маблағи беш аз  3 ҳазор сомонӣ  ҷарима таъйин гардида, зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шудаанд. Ҳамзамон аз маҷмӯи ҳолати  қонуншиканиҳо   дар 10 ҳолат  шароб ба миқдори 3 ҳазору 67 дона ошкор гардида, ба маблағи қариб 3   ҳазор сомонӣ мол мусодира карда шудааст. Инчунин  дар ин давра интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти тамоку дар  26 ҳолат, оби ҷав 25 ҳолат, маҳсулоти сӯзишвории дизелӣ дар  62 ҳолат, бензин — 14, гази моеъ — 16 ва оби газнок дар зиёда аз 200 ҳолат ошкор гардида, нисбат ба қонуншиканон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст.
Ҳамзамон  аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шимоли кишвар  дар зарфи се моҳи соли равон  як ҳолати интиқоли ғайриқонунии асъори хориҷӣ ба маблағи 588 ҳазор  рубли русӣ ва 700 доллари амрикоӣ ба қайд гирифта шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 28750

Trending Articles